«Маркази иттилоотӣ» — ин маркази калонтарини иттилотӣ дар Тоҷикистон оид ба коркарди маълумотҳо барои кор бо фармоишҳо барои расонидани намудҳои гуногуни хизматҳо мебошад.
Инноватсияҳо
Маркази иттилоотии «Маркази иттилоотӣ» барномаи беҳамтоеро офарид, ки барои ба пуррагӣ автоматикунонии раванди қабул ва коркарди фармоишҳо ва баландбардории самаранокии кор имконият фароҳам овард. Аз ҳамон лаҳза таъминоти барномавӣ мунтазам такмил меёбад. Имрӯз ин яке аз марказҳои иттилоотӣ пешрафтаи технологии Тоҷикистон аст.
Арзишҳо
Операторон — қалби маркази иттилоотии «Маркази иттилоотӣ» ва пояе аст, ки аз он муваффақияти ширкат вобаста мебошад. Айнан барои ҳамин дар асоси кори маркази иттилоотӣ — арзишҳои корпоративӣ мебошанд. Мо нисбат ба кормандон ғамхорем ва кӯшиш менамоем, ки ҳар кадоми онҳо дар шароитҳои роҳат кор карда, ба ҳамдигар муносибати дӯстона дошта бошанд. Меҳнатро муносиб пардохт менамоем ва одамони ориятдорро ҳавасманд мегардонем. Мо дар як дастаем ва ҳамроҳ ба мақсад мерасем.